00:18, 11 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

СУТ: вируси «Зика» бисёр зуд доман паҳн мекунад

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар робита ба зуд паҳн шудани

вируси «Зика» дар Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ бонги хатар мезанад. Бори нахуст ҳодисаи мубталошавии инсон аз ин беморӣ дар қитъаи Амрико дар Бразилия ба қайд гирифта шуд. Ба таъкиди табибони Бразилия вирус, ки пеш аз ҳама ба тифлони навзод хатарнок аст, айни ҳол дар ҳудуди 21 кишвари ҷаҳон паҳн шудааст. Дабири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Маргарет Чан аз ҳодисаи зуд паҳншавии беморӣ изҳори ташвиш намуд. Ба таъкиди мутахассиони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ зуд паҳн шудани вирус ду сабаб дорад. Якум, иммунитет надоштани сокинони Амрико аз вируси Зика мебошад. Дуввум, паҳн шудани хомушакҳои кӯсакӣ дар тамоми кишварҳои минтақа ба ҷузъ Канада ва Чили мебошад. Аз ин рӯ, ягона роҳи пешгирии сироят наёфтани инсон ба ин вирусро табибон дар маҳв кардани ин намуди хомушакҳо медонанд. Дар Бразилия ба ин кор Артиш ҷалб гардидааст. Аз шаҳрвандони Амрикои Ҷанубӣ ва Шимолӣ тақозо карда шудааст, ки худро аз газидани хомушакҳо эъмин нигоҳ доранд.