14:17, 24 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 24.01.2016

Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳанд, ки

24-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 23 то 28 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон низ ҳавои тағйирёбанда бебориш ба кайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дарача хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 2 дарача хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 то 7 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 17 то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.