14:16, 24 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

«Зика» занҳоро аз ҳомиладорӣ ва таваллуди фарзанд маҳрум кард?

Дар робита ба хуруҷи бемории «Зика» ба шаҳрвандони Салвадор тавсия дода шуд, ки

давоми 2 соли оянда аз ҳомиладорӣ ё таваллуди фарзанд худдорӣ намоянд. Зеро ин беморӣ торафт паҳн шуда, нигаронии ҳукуматдоронро ба миён овардааст. Олимон бар он назаранд, ки вируси мазкур имкон дорад, аз модар ба фарзанд дар батнаш ва ҳатто баъди таваллуд сироят ёбад. Ғайр аз ин, вируси «Зика» метавонад дигар намуди бемориҳо, аз ҷумла микротсефалия ва хирашавии чашмҳоро дар бадани инсон ба вуҷуд орад. Дар ин робита ҳукуматдорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кардани шаҳрвандони худро ба 22 кишваре, ки дар он вируси «Зика» ба қайд гирифта шудааст, манъ карданд. Моҳи декабри соли гузашта, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар хусуси торафт паҳн шудани бемории «Зика» дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ изҳорот дода буд. Аз паҳншавии бемории мазкур бештар аҳолии Бразилия зарар дидаанд. Зеро дар инҷо аллакай беш аз 3 ҳазору 500 нафар ба бемории «Зика» гирифтор шудаанд. Гуфта мешавад, ки беморӣ бештар дар миёни кӯдакони навзод ба мушоҳида мерасад. Вируси «Зика» ҳамчунин тавассути ҳашарот, аз ҷумла хомӯшак ва магас ба дигарон сироят мекунад. То ҳол доруе барои пешгирӣ ва нест кардани бемории «Зика» ихтироъ ё кашф нашудааст.