16:00, 08 Декабри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 23.01.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

23-юми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш хоҳад шуд. Шамол аз самти ғарб бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 11 то 16 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 24 то 29 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа сардӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш ба кайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 13 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 16 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мегардад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ гардидааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона аз 14 то 19 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 то 9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 02 дараҷа хунук ва рӯзона аз 17 то 19 дараҷа гарм хоҳад шуд.