18:37, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бразилия: 5 кӯдак аз вируси «Зика» фавтид

Дар минтақаҳои гуногуни қисми шимолу шарқии Бразилия

вируси марговари «Зика» то рафт доман паҳн мекунад. То кунун бар асари бемории мазкур 5 кӯдак ба ҳалокат расидааст. Пас аз ташхиси тиббӣ мушаххас гардид, ки модари кӯдак гирифтори вируси номбурда буда, аз ҳамин сабаб ба саломатии кӯдак таъсири ҷиддӣ расидааст. Ҳамин тариқ мутахассисони соҳаи тибб тасдиқ карданд, ки дар Бразилия 224 намуди вируси марговари «Зика» ба қайд гирифта шудааст. Ин беморӣ дар Африқо ва Амрикои Лотинӣ аз моҳи марти соли 2014 инҷониб ба қайд гирифта шудааст.