18:49, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

2015 - гармтарин сол давоми 136 соли ахир

2015 гармтарин сол давоми 136 соли ахир арзёбӣ шуд.

Яъне аз замони ба фаъолияти мушоҳидаи обу ҳаво оғоз кардани кормандони маркази обуҳавосанҷӣ, соли гузаштаро гармтарин унвон карданд. Гузориши мазкур аз ҷониби мутахассисони Маркази тадқиқоти кайҳонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - НАСА ва Хадамоти миллии омӯзишу тадқиқоти уқёнус ва атмосфераи Замин интишор шудааст. Ҳамин тариқ моҳи декабри соли гузашта дар қисми қитъавии Амрико аз соли 1895 ва Аврупо аз соли 1919 гармтарин омадааст. Дар баъзе минтақаҳои Федератсияи Россия низ ҳавои соли гузашта офтобию гарм буд. Коршиносон бар ин ақидаанд, ки сабаби гарм омадани ҳаво ин дар атмосфераи Замин ҷамъ шудани диоксиди карбон- углекислого газа мебошад. Ба иқрори ӯ хориҷ шудани газҳои гулхонаӣ ба атмосфера боиси баланд шудани ҳарорати ҳаво гашта, офатҳои гуногуни табииро ба миён овардааст. Олимон изҳор медоранд, ки соли 2015 тамоюли гармшавии сайёраи Заминро бештар кард. Дар идома иброз менамоянд, ки инсоният аз асри 19 сар карда, барои пешгирӣ аз гармшавии сайёра чораву тадбирҳо андешид. Аммо танҳо давоми 35 соли ахир сокинони сайёра, барои коҳиш додани газҳои гулхонаӣ ба атмосфера кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.