19:04, 22 Октябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Муовини чиноӣ бо ҷурми ришваситонӣ 12 сол равонаи зиндон шуд

Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин собиқ муовини роҳбари кумита

оид ба корҳои иқтисодии кишвар Ян Ган бо ҷурми даст доштан дар амалҳои ришваситонӣ аз ҷониби додгоҳи шаҳри Пекин ба муддати 12 сол равонаи маҳбас гардид. Бино ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ номбурда аз соли 2008 то 2013 ҳангоми иҷро намудани вазифаи корӣ, шахсан худ ва бо миёнаравии ҳамсар ва писараш ба маблағи 12 миллион юан ё 1,8 миллион доллари ИМА ришва ситонидааст. Ҳамчунин мақомот аз ӯ дар ҳаҷми 1 миллион юан ва ё 152 ҳазор доллар дороияшро мусодира хоҳанд кард. Тафтишот атрофи амалҳои коррупсионӣ нисбати Ян Ганн ҳанӯз дар соли 2013 шуруъ гардида буд.