19:22, 22 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Партовҳои заҳролуд ба фазо дар Тоҷикистон 50% коҳиш ёфт

Агар соли 1990-ум партовҳои заҳролуд ба фазо сари ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон

ду тоннаро ташкил медод, соли 2015-ум он 50 дарсад коҳиш ёфта, ба 1 тонна баробар шуд. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки партоби газҳои заҳролуд ба фазо нисбат ба кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати пасттарин қарор дорад. Дар миёни дигар давлатҳои сайёра Тоҷикистон аз ҷиҳати партоби партовҳои заҳролуд ба фазо дар зинаи 135-ум ҷойгир мебошад. Моддаҳои заҳролуде, ки дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил партоб мешавад аз Тоҷикистон 3 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо то ба имрӯз ҳастанд корхонаҳои саноатие, ки бо омилҳои гуногун ҳангоми истеҳсолот фазои кишварро заҳролуд месозанд. Омилро масъулин дар он арзёбӣ карданд, ки ҳангоми истеҳсолот дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ ба хотири гаронии чунин таҷҳизот истифода намешаванд. Дар қатори корхонаҳои истеҳсолие, ки фазои кишварро заҳролуд мекунанд, корхонаҳои металургӣ, истеҳсоли хишт ва коргоҳҳои хурди коркарди нафт, ки дар атрофи шаҳри Душанбе ва Ваҳдат қарор доранд, шомиланд. Масъулин иброз доштанд, ки то ба имрӯз сатҳи чунин партовҳо кам гардидааст, аммо новобаста аз ин бояд дар ин самт тадбирҳои навро рӯи даст гирифт.