18:11, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хушксолии бесобиқа дар Эфиопия

Мувофиқи маълумоти созмонҳои байналмилалии хайриявӣ

зиёда аз 400 ҳазор кӯдак дар Эфиопия аз норасоии маводи ғизоӣ ниҳоят ранҷ мебаранд. СММ иттилоъ медиҳад, ки маҳз хушксолӣ аҳолиро ба чунин ҳолати душвор рӯ ба рӯ намудааст. Вобаста ба сар задани хушксолӣ наздик ба 10 миллион сокинони Эфиопия ба маводи ғизоӣ эҳтиёҷ пайдо намуданд. Ба андешаи иқлимшиносон чунин хушксолӣ дар Эфиопия тайи 30 сол бори аввал ба мушоҳида мерасад. СММ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуд, ки барои бартараф намудани бӯҳрони гуруснагӣ дар ин мамлакат 50 миллион доллар кумак расонида шавад. Ба иттилои намояндагони Созмони байналмилалии «Наҷоти кӯдакон» хушксолӣ дар Эфиопия ба монанди ҷанг дар Сурия ба ҳаёти кӯдакон хатари ҷиддӣ дорад.