14:30, 27 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Вазъи ҳавои кишвар барои 19.01.2016

Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар,

19-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 9 то 14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 24 то 29 дараҷа хунук ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гамр ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гамр мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда асосан бебориш пешбинӣ шудааст. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шидатнокии он дар баъзе ноҳияҳо аз 13 то 18 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 10 то 15 дараҷа хунук ва рӯзона 05 дараҷа хунукӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво тағйирёбанда асосан бебориш дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати то 5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.