19:13, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Барфбории шадид дар Япония, Булғористон, Руминия ва Бухарест

Сокинони қисми шимолу ғарбии Япония аз боришоти барф азият мекашанд.

Бар асари номусоиди ҳаво дар фурудгоҳҳо парвози тайёраҳо аз рӯи наздики сад хатсайр қатъ карда шуд. Барфрезии шадид боиси канда шудани хатҳои интиқоли неруи барқ гардида, беш 25-ҳазор оила дар минтақаҳои Ибараки ва Тотиги аз истифодаи он маҳрум монданд. Ҳаракат дар роҳҳои нақлиётгард душвор гардида, аз сокинон даъват карда мешавад, ки аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд. Муассисаҳои бодуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳанд, ки чунин вазъи номусоиди ҳаво дар қисми шимолии ин кишвар чанд рӯзи дигар идома меёбад. /// Як қатор кишварҳои Аврупоро боришоти шадиди барф ба мушкилот рӯ ба рӯ намуд. Дар Булғористон бар асари бориши барфи зиёд хатҳои интиқоли неруи барқ канда шуда, дар натиҷа зиёда аз 400 ҳазор сокинон аз истифодаи он маҳрум гардиданд. Боришоти беисти барф чандин шабакаҳои барқтаъминкунандаи кишварро хароб кард. Боришоти зиёди барф дарахтонро решакан намуда, ҳаракатро дар роҳҳо мушкил гардонд. Дар ҳамсоякишвари он Руминия бошад, боришоти барф боиси қатъ шудани фаъолияти бандаргоҳҳо ва ҳаракати қатораҳо гардид. Ҳамчунин даҳҳо роҳҳои автомобилгард хароб гардида, садҳо автомобил дар нимароҳ дармонданд. Дар шаҳри Бухарест бошад, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мувақаттан қатъ карда шуд.