17:00, 14 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Зиннатуллоҳ Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб шуд

Имрӯз дар Душанбе анҷумани навбатии XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар назди вакилони анҷуман ва намояндагони тамоми расонаҳои хабарии кишвар Ёрдамчии Президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан гуфт. Сипас ҳисоботи раёсати Иттифоқи нависандагон дар давраи солҳои 2010-2016 шунида шуд. Дар анҷуман аз 175 вакил 168 нафар иштирок доштанд. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ аз миёни ду нафар номзад, ки барои ишғоли вазифаи раиси Иттифоқи журналистон аз тарафи вакилони анҷуман пешниҳод шуданд, Зинатуллои Исматулло раиси Иттифоқи журналистон интихоб шуд. Хотиррасон бояд шуд, ки то ин замон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов буд, ки бар асари сактаи қалбӣ фавтид.