12:56, 15 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Теъдоди нафарони бешуғл дар Олмон дар ҳоли афзоиш аст

Моҳи декабри соли 2015 сатҳи бекорӣ дар Олмон афзуд.

Тибқи омори Вазорати меҳнати ин кишвар тайи ин моҳ теъдоди бекорон аз нишондоди интизор чанд маротиб зиёд ба қайд гирифта шудааст. Бино ба иттилои мақомоти марбута, шумораи бекорон ба 6,1 дарсад баробар гардидааст. Новобаста аз ин нишондоди мазкур нисбат ба соли 2014-ум камтар арзёбӣ мешавад. Афзоиши сатҳи бекорӣ соли 1991-ум бештар ба қайд гирифта шуда буд. Коршиносони масоили иқтисодии ин мамлакат сабаби ин равандро ба буҳрони муҳоҷират рабт медиҳанд. Зеро соли гузашта 800 ҳазор нафар муҳоҷири ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид гардидааст. Дар маҷмӯъ бошад, кишварҳои минтақаи Аврупо беш аз 1 миллион гурезаро дар соли гузашта қабул намудаанд.