12:33, 15 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вируси «H1N1» дар Коста-Рика 14 касро кушт

Дар Коста-Рика зукоми парранда ё худ вируси «H1N1» ба қайд гирифта шуд.

Тибқи иттилои Вазорати сиҳатии оммаи ин кишвар бар асари ин вирус давоми як моҳи ахир 14 нафар фавтидааст. Дар ин робита масъулинро лозим омад, то реҷаи вазъияти фавқулодаро чорӣ намоянд. Олимони Донишгоҳи тиббии ин кишвар зимни ташхис 14 ҳодисаи мубталошавии инсонҳоро ба ин вирус муайян сохтаанд. Дар ин бора вазири тандурустии мамлакат Фернандо Лорка зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ин вирус ҳанӯз соли 2009-ум аз худ дарак дода буд. Алҳол корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирӣ аз ин маризӣ дар миёни мардум идома дорад. Тибқи нақша дар робита ба хурҷуи зукоми мазкур 950 ҳазор нафар эм карда мешавад.