12:29, 15 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 08.01.2016

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар,

8-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши барфи камшиддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 5 то 10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 10 то 15 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо бориши борони камшиддит ба қайд гирифта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Гармии ҳаво шабона дар водиҳо аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона то 5 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 то 9 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда бо дарназардошти борони камшиддат дар баъзе минтакаҳо пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 то 8 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва дар минтақаҳои алоҳида бориши борони камшиддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа ва рӯзона аз 7 то 12 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе бошад, ҳаво абрнок шуда, шабона борони камшиддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона то 2 дараҷа ва рӯзона аз 8 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.