13:19, 15 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Вазъи ҳавои кишвар барои 07.01.2016

Мувофиқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар,

7-уми январ дар вилояти Бадахшон ҳавои абрнок ва асосан бебориш дар дазар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо сураъати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 7 то 12 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона аз 20 то 25 дараҷа ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа хунукӣ пешбинӣ гардидааст. Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр бориши барф пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Гармии ҳаво шабона дар водиҳо аз 4 то 9 дараҷа ва рӯзона аз 9 то 14 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар доманакӯҳҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 3 то 8 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Суғд низ ҳаво абрнок шуда, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр барф меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гармӣ пешгӯӣ гардидааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 6 то 11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар нимаи дуюми рӯз дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани барф дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона 05 дараҷа гарм ва рӯзона аз 8 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 2 то 7 дараҷа хунук ва рӯзона 05 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок, дар нимаи дуюми рӯз борон меборад ва дар баъзе ҳолатҳо бориш шиддат мегирад. Шамол аз самти шарқ бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 2 то 4 дараҷа гарм ва рӯзона аз 11 то 13 дараҷа гарм хоҳад шуд.