13:19, 15 Сентябри 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ба системаи даврӣ чор унсури нав ворид карда шуд

Дар мувофиқа бо қарори Иттиҳодияи байналмилалии химияи назариявӣ

ва амалии (IUPAC) ба системаи даврии элементҳои химиявӣ якбора чор унсури нав ворид карда шуд. Ин қарор баъди эътироф ва муайян кардани меъёрҳои зарурӣ дар элементҳои кушода, аз ҷониби роҳбарияти ин иттиҳодия қабул карда шуд. Ин аввалин илованамоии элементҳо дар системаи даврии ба номи Менделеев аз соли 2011-ум мебошад, ки ин чор унсур катори ҳафтуми ҷадвалро пур кард. Махсусияти кор дар инҷост, ки элементҳои нави химиявӣ аз тарафи олимони рус ва ё бо шарикии онҳо ошкор шуд. Нахустин унсур, ки таҳти рақами 113 қарор гирифт, ин Унунтрий (Uut) мебошад. Ин элементи химиявиро ҳанӯз соли 2004-ум олимони рус ва амрикоӣ ошкор карданд. Худи ҳамон сол олимон аз Донишкадаи «RIKEN»-и Япония оиди ин элемент хулосабарорӣ карданд. Давоми чанд сол ҷопониҳо ин таҷрибаро дубаробар такрор карданд. Сипас, роҳбарияти IUPAC ба хулосае омад, ки номи ин унсур ба ифтихори онҳо бошад. Ҳамин тавр ин аввалин элементест дар системаи даврӣ, ки олимони осиёӣ онро ба номи худ муҳр заданд. Ҳатто чунин эҳтимол ҳам ҳаст, ки номи он ба RIKEN табдил дода шавад. Барои ҷопониҳо ин руйдод беҳтар аз ба даст овардани медали тилло дар Бозиҳои олимпӣ дониста мешавад. Унсури дуюм таҳти рақами 115 Унунпентий (Uup) қарор гирифт. Иттиҳодияи IUPAC бо гузашти вақт мушаххас кард, ки ошкорнамоии ин унсур дар соли 2003-юм аз ҷониби олимони Донишкадаи таҳқиқоти муштараки ҳастаии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия ва Озмоишгоҳи миллии Ливерморски ИМА сурат гирифтааст. Унсури нави сеюм дар зери рақами 117 бо номи Унунсептий (Uus) худро ҷо кард. Олимони Донишкадаи таҳқиқоти муштараки ҳастаии шаҳри Дубнаи Федератсияи Россия онро дар соли 2009-ум ошкор карданд. Элементи чорум Унуноктий (Uuo) ном гирифта, дар системаи даврӣ бо рақами 118 ҷойгир шуд. Ин унсурро олимони амрикоӣ аз Беркли ошкор карданд, вале баъдан мушаххас шуд, ки олимони ИМА дар самти ошкорсозии элементи мазкур ба хатоӣ роҳ додаанд. Тибқи маълумоти саҳеҳ унсури (Uuo)-ро олимони Донишкадаи таҳқиқоти муштараки ҳастаии Дубна соли 2002-юм ошкор кардаанд.