07:47, 20 Майи 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сӯхтори беша дар кишвари Забайкали

Дар кишвари Забайкали Федератсияи Россия сӯхтори беша идома дорад.

Тавре иттилоъ дода мешавад, масоҳати умумии сӯхтор аллакай 21 ҳазор гектарро фаро гирифтааст. То ин дам 70 манбаъи сохтор аз ҷониби кормандони хадамаоти оташнишонӣ хомӯш карда шудааст, ки масоҳати умумии он қариб 1 ҳазору 400 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки аз сӯхтори ҷангал 17 минтақаи аҳолинишин зарар дидааст. Шумораи зарардидагони ҳодиса бошад аллака 400 нафарро ташкил додаст. Айни замон дар ин ҷо ҳалати фавқулодда амал менамояд.