19:17, 19 Апрели 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Калисои Нотр Дам дар Фаронса сӯхт

Шоми 15-уми апрел дар калисои "Нотр Дам" дар шаҳри Париж, ки беш аз 700-сола аст, сӯхтор сар зад.

Ин калисо яке аз маҳбубтарин гӯшаҳои сайёҳии Фаронса аст ва солона беш аз 13 миллион нафар аз онҷо боздид мекунанд. Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, суханронии худро хитоб ба мардуми ин кишвар лағв кардааст. Як сухангӯи калисо ба хабаргузории "Фаронса" гуфтааст, сохтори чӯбӣ, ки сақфро нигаҳ медошт, дар оташ аз байн рафтааст. Шаҳрдори Париж дар Твиттер ин сӯхторро "ваҳшатнок" хонда ва навиштааст: "Маъмурони наҷот дар талошанд, то забонаҳои оташро фурӯ нишонанд." Пулиси пойтахти Фаронса дар Твиттер аз сокинон хост, аз таҷаммуъ дар атрофи калисо худдорӣ кунанд, "то роҳ барои мошини оташнишонҳо боз бошад".