07:45, 22 Марти 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Март 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шумораи қурбониёни ҳамла дар маҷмааи ҳукуматии шаҳри Кобул ба 43 нафар расид

Шумораи қурбониёни ҳамла дар маҷмааи ҳукуматии Кобул ба 43 нафар расидааст.

Дар ин бора агентии «Синхуа» рӯзи сешанбе бо ишора ба Вазорати тандурустии Афғонистон хабар дод. Қаблан оид ба 27 нафар қурбониёни ҳамла гуфта шуда буд. Тибқи иттилои агентӣ, боз 10 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзи душанбе як гурӯҳ одамони мусаллаҳ ба маҷмааи биноҳои ҳукуматӣ дар Кобул ҳамла карда, кормандони Раёсати миллии кор бо одамони имконияташон маҳдуд ва оилаҳои қурбониёни ҷангро асир гирифтаанд. Моҷароҷӯён се таркиш доир намуда, оташ кушоданд. Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳе, ки дар кишвар фаъолият мекунад, ба дӯш нагирифтааст.