17:14, 12 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сурия: Инфиҷори ал-Азаз

Дар шаҳри ал-Азази Сурия таркиш ба амал омад. Террористон автомашинаи

ҳомили таҷҳизоти таркандаро нисфирӯзӣ дар назди як маркази тиббӣ фаъол намуданд. Дар натиҷаи таркиш 1 кас ҳалок гардида, 20 нафари дигар ҷароҳат бардошт. Эҳтимоли афзудани шумораи ҳалокшудагон вуҷуд дорад. Зеро табибон вазъи саломатии чанд маҷрӯҳи ин амали террористиро ниҳоят вазнин арзёбӣ мекунанд. Бар асари таркиш ҳамчунин чанд хона ва фурӯшгоҳҳои атрофи ҳодиса қисман хароб гардидааст. Ҳамзамон неруҳои эҳтилоф як минтақаро дар вилояти Дайр-уз-Зор мушакборон намуданд. Дар натиҷаи зарбаҳо даҳҳо сокини осоишта ҳалоку захмӣ гардидаанд.