18:19, 18 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

« Флоренс » дар ИМА 37 нафарро кушт

Аз рӯи маълумоти охирин, дар ИМА бар асари тӯфони шадиди «Флоренс»

37 кас ба ҳалокат расида, даҳҳо нафари дигар зарар дидаанд. Дар байни фавтидагон 2 кӯдак низ ҳаст. Офати табиӣ ба штатҳои Каролинаи Шимолӣ ва Ҷанубӣ бештар зарар расондааст. Дар пайи тӯфон дар чанд шаҳру манотиқи Амрико обхезӣ низ ба амал омадааст, ки он чанд рӯз боз идома дорад. Тундбод дарахтони зиёдро решакан намуда, хатҳои интиқоли нерӯи барқро хароб кардааст. Дар натиҷа 523 ҳазор манзили зист аз истифодаи қувваи барқ то ҳол маҳрум мебошанд. Айни замон тӯфони «Флоренс» каме суст гаштааст. Аммо ба аҳолӣ ҳоло ҳам хатар дорад.