03:47, 22 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Малайзия: Нӯшокии спиртӣ 21 касро заҳролуд кард

Дар Малайзия аз истеъмоли нушокии спиртӣ 21 кас заҳролуд шуда, ба ҳалокат расид.

Тавре маълум гардид, ҳамаи фавтидагон аз як навъи машруботи виски истеъмол карда будаанд. Дар ҷараёни муоинаи тиббӣ дар таркиби машрубот, спирти метилӣ ошкор гардидааст, ки он ба инсон зараровар мебошад. Рӯзи Чоршанбе дар минтақаҳои гуногуни Малайзия 55 ҳолати заҳролудшавии одамон аз истеъмолӣ машрубот ба қайд гирифта шуд. 14 нафари дигар ҳангоми истеъмоли ин навъи нушокии спиртӣ заҳролуд шуда, дар беморхонаҳо дар ҳолати нисбатан вазнин қарор доранд. Эҳтимол меравад, ки шумораи чунин заҳролудшудагон зиёд бошад.