01:23, 22 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

ВКХ Тоҷикистон дар робита ба куштори Ҳувайдо Тиллозодаи панҷсола дар шаҳри Серпухово ба ВКХ Россия ёддошт ирсол намуд

Куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди панҷсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳувайдо Тиллозода, ки рӯзи 22 июли соли 2018

дар шаҳри Серпухово рух дод, боиси нигаронии шадид ва изтироб дар Тоҷикистон гардид. Ба Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия ёддошт фиристода шуд, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти марбутаи Федератсияи Россия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбат ба ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад ва ба ҷинояткоре, ки чунин кирдори ғайриинсониро раво дидааст, ҷазои сангин дода шавад. Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақомоти марбутаи Россия то анҷоми тафтишот ва судури ҳукми ҷазо дар тамоси доимӣ хоҳанд буд. Ёдовар мешавем, ки ҷасади Ҳувайдои хурдсол 23 июл дар шаҳри Серпухови вилояти Москва дар наздикии истгоҳи роҳи оҳан дарёфт карда шуд. Духтарак 22 июл ҳангоми сайру гашт дар саҳни бинои истиқоматӣ, ки дар он оилаи ӯ зиндагӣ мекунад, ғайб зада буд. Субҳи барвақти рӯзи дигар гурӯҳи ҷустуҷӯии ихтиёриён ва кормандони полис бо саги хидматӣ як бастаи варзиширо пайдо намуданд, ки дар он ҷасади тифли ноболиғ буд. Бино ба иттилои Раёсати кумитаи тафтишотии вилояти Москва, бо гумони содир намудани куштор ва инчунин таҷовуз сокини маҳаллии 28-сола Александр Сёмин боздошт шудааст. Ӯ дар як бино бо оилаи қурбонӣ зиндагӣ мекунад. Дар ҳуҷраи ӯ изи пойафзол ва ангуштони духтарак пайдо карда шуд. Тибқи хабари «Life Shot», то ҳол бовари падари духтарак Абдусалом Саидов ба ҳодисаи рухдода намеояд. Ҳувайдо дар оила ягона духтар буд. Ба гуфтаи Саидов, ӯ то ҳол ҷасади духтаракро надидааст. Дар мусоҳиба ба радио «Озодӣ» ӯ гуфт, ки баъд аз гирифтани ҷасади кӯдакаш ба Тоҷикистон барме