03:29, 24 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷангали Бурятистон месӯзад

Дар Ҷумҳурии Бурятистони Федератсияи Россия сӯхтори ҷангалзор торафт доман паҳн менамояд.

Давоми як шабонарӯзи охир боз 7 манбаи сар задани сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Кормандони хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ тавассути техникаҳои махсус ва чархболҳо дар маҳалли ҳодиса ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мебаранд. Дар маҷмӯъ аз оғози сар задани сӯхтор, дар ин минтақа 280 манбаи сӯхтори шадиди ҷангалзор ба қайд гирифта шуд, ки масоҳати умумии он 23 ҳазор гектарро дар бар мегирад.