06:55, 16 Декабри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Декабр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Ҷустуҷӯии ҳавопаймои «Боинг 777-200»-и қатъ гардад

Вазири нақлиёти Малайзия зимни як нишасти хабарӣ иброз дошт, ки амалиёти ҷустуҷӯии ҳавопаймои

«Боинг 777-200»-и марбут ба ширкати ҳавонавардии Малайзиан Эйрлайнс эҳтимол то охири ҳафтаи оянда пурра қатъ гардад. Авали соли равон ҳукуматдорони Малайзия бо ширкати «Океан Инфинити»-и ИМА барои дарёфти пораҳои ҳавопаймо шартнома бастанд. Амалиёти ҷустуҷӯӣ то 29 май тамдид карда шуд. Ҳавопаймои мазкур 4 сол қабл нопадид гардида ҳанӯз макони суқути он муайян карда нашудааст. Тибқи мурақароти шартнома танҳо дар сурати пайдо намудани ягон қисми ҳавопаймо ҷониби Малайзия дар ҳаҷми 70 миллион доллар маблағ пардохт хоҳад кард. Ҳавопаймои «Боинг 777-200», ки дар хатсайри Куала-Лумпур-Пекин парвоз анҷом медод, моҳи марти соли 2014 пас аз 2 соати парвоз бо 239 нафар аз хатти радар нопадид гардида буд.