16:45, 25 Июни 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июн 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Афғонистон: Маҳви силоҳбадастон дар Арзанкор

Дар вилояти Балхи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амалиёти зиддитеррористӣ

то ҳол идома дорад. Дар рафти амалиёти ҳавоӣ 35 силоҳбадаст маҳв гардида, беш аз 40 каси дигар захмӣ шуд. Нерӯҳои давлатӣ дар деҳаи Арзанкор ба мавқеъи силоҳбадастон зарба заданд. Ғайр аз ин, дар пайи зарбаҳои ҳавоӣ чанд анбори силоҳ ва лавозимоти ҷангии террористон нобуд карда шуд. Дар вилояти Бағлон бошад, баъд аз ҳамла ба гузаргоҳи назоратии кормандони мақомоти полис амалиёти зиддитеррористӣ ба роҳ монда шуд. Дар рафти амалиёти бобарор 18 силоҳбадаст ба ҳалокат расида, 33 каси дигар захмӣ гардид. Зимни ин даргириҳо аз низомиён ва сокинони маҳаллӣ касе осеб надидааст.