10:56, 21 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Яман анбори ғизо сӯхт

Дар шаҳри Ҳудайдаи Яман дар анбори калони ҳомили кӯмакҳои башардӯстона

сӯхтори шадид ба амал омад. Сӯхтор дар як лаҳза тамоми иншоотро фаро гирифт. Дар натиҷаи он 50 тонна озуқаворӣ ва маводи ниёзи аввал, ки барои аҳолии ниёзманди ин мамлакат муқаррар шуда буд, ба коми оташ рафта, пурра нобуд гардид. Ба қавли масъулин, ин анбор аз ҷониби Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони Миллали Муттаҳид истифода карда мешуд. Гурӯҳҳои зиддисӯхторӣ ва ихтиёриён тавонистанд, ки як қисми муҳимоти оташнарасидаро сари вақт аз анбор берун оранд.