21:58, 21 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Раҳоии асирон дар Ғуттаи Сурия

Дар Сурия дар ҷараёни амалиёти васеъ 34 нафар аз асорати ҷангиён озод карда шуд.

Дар ҳамин ҳол маълумот дастрас шуд, ки Артиши Сурия Ғутаи Шарқиро пурра аз тасарруфи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ бозпас гирифтааст. Ғутаи Шарқӣ дар атрофи шаҳри Димишқ ҷойгир мебошад, ки муддати чанд соли охир зери тасарруфи террористон қарор дошт. Тибқи иттилоъи сарчашмаи дигар, шабонарӯзи гузашта 128 сокини осоишта тариқи гузаргоҳҳои бехатар Ғутаи Шарқиро тарк намудаанд. Аз 28-уми марти соли равон то ба имрӯз тавассути баромадгоҳи маҳаллаи Дума зиёда аз 29 ҳазор нафар аз Ғутаи Шарқӣ ба минтақаҳои ором кӯчонида шуданд.