00:16, 22 Сентябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мексика: Қотили 43 донишҷӯ боздошт шуд

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Мексика як ҷинояткореро, ки дар

қатли 43 донишҷӯ гумонбар дониста мешавад, боздошт намуданд. Дастгиршуда Энрики Уриел ном дошта, узви яке аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоб будааст. Тибқи маълумот, донишҷӯён моҳи сентябри соли 2014–ум зимни бозгашт аз шаҳри Игуала аз ҷониби ҷинояткорон дастгир карда шудаанд. Баъдан ҷинояткорон донишҷӯёнро ба қатл расонида, бо мақсади пинҳон кардани ҷинояти худ, ҷасади онҳоро оташ задаанд. Дар доираи тафтишоти ин ҳодиса беш аз 100 нафар, аз ҷумла мири шаҳри Игуала боздошт гардидааст.