15:08, 24 Майи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Боришоти борон дар Боливия

Дар Боливия боришоти борон обхезии шадидро дар пайи дошт.

Аз офати табиӣ 10 нафар ба ҳалокат расида, садҳо тани дигар захм бардоштанд. Вобаста ба офати табиӣ президенти кишвар Эво Маралес дар як қатор вилоятҳо ҳолати фавқулода ҷорӣ намуд. Айни замон аз 9 вилояти кишвар, дар 7 тои он обхезӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз офати табиӣ бештар ба хоҷагии халқ ва аҳолии вилоятҳои Кочабамба, Бени ва Пандо хисороти зиёд ворид гардид. Бар асари обхезӣ даҳҳо биноҳои истиқоматӣ, роҳу пулҳо ва иншооти дигар хароб гардида, ҳазорҳо нафар аҳолии кишвар бесарпаноҳ монданд. Мувофиқи пешгӯии мутахассисони марказҳои ҳавосанҷии мамлакат чунин номусоидии ҳаво боз чанд рӯзи дигар идома хоҳад кард.