14:48, 19 Ноябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Димишқ: Марги сокинони осоишта дар Гутаи Шарқӣ

Давоми 48 соати охир ба минтақаи Гутаи Шарқии Сурия чанд зарбаи ҳарбӣ-ҳавоӣ ва артилерӣ зада шуд.

Дар пайи зарбаҳои мудҳиш даҳҳо нафар сокини осоиштаи кишвар ба ҳалокат расида, теъдоди зиёд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Мувофиқи маълумоти марказ оид ба ҳуқуқи инсони Сурия, дар пайи зарбаҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ба ин минтақа тақрибан 30 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 60 тани дигар ҷароҳат бардошт. Ба ақидаи ҳукуматдорони Сурия, айни ҳол дар Гутаи Шарқӣ гурӯҳҳои зиёди ҷангӣ панаҳ мебаранд. СММ ва Иттиҳоди Аврупо аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар пайи зарбаҳои мушакӣ ва артилерӣ бештар аҳолии осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ба ҳалокат мерасанд.