08:03, 18 Феврали 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

220 захмӣ аз заминларза дар Тайван

Дар Тайван бар асари заминларзаи шадид, ки рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон ба амал омад,

220 нафар зарар дида, то ҳол тақдири 173 каси дигар номаълум боқӣ мемонад. Қаблан расонаҳои хабарӣ дар хусуси ба ҳалокат расидани 2 нафар ва ҷароҳат бардоштани 202 кас гузориш дода буданд. Заминларза, ки қувваи он мутобиқ ба ҷадвари Рихтер 6,5 балро нишон дод мешавад, асосан минтақаҳои наздисоҳилии Хуалянро воқеъ дар қисми шимолу шарқии кишвар такон дод. Пас аз заминлрзаи шадид чанд маротибаи дигар аҳолӣ бо қувваи 4 ва 5 балл такон хурдани заминро мушоҳида намуданд. Бар асари офати табиӣ биноҳои зиёди истиқоматӣ ва иншооти дигар пурра ё қисман хароб гардиданд. Ҳамзамон дар натиҷаи заминларза хатҳои интиқоли барқ хароб гардида, сокинони беш аз ҳазор бинои истиқоматӣ аз истифодаи нерӯйи барқ маҳрум монданд. Айни ҳол дар минтақаҳои аз заминларза зарардида, кормандони Хадамоти марбута фаъолият доранд.