12:08, 22 Августи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

ИМА: "Сибид Конструктор" пайдо шуд

Киштии амрикоии «Сибид Конструктор», ки дар амалиёти

ҷустуҷӯии ҳавопаймои Малайзия ширкат дошт, пас аз се шабонарӯзи аз хатти радар нопадид гардидан, дубора ба алоқа баромад. Масъулини соҳаи баҳрнавардии Амрико муайян намуданд, ки ҳайати сарнишинон қасдан минтақаи ҷойгиршавии худро пинҳон дошта, ба ҷустуҷӯйи ҷавоҳироти дар қаъри уқёнус қарордошта пардохтаанд. Тибқи маълумоти расида, иштирокдорони амалиёт дар минтақаи ҷустуҷӯӣ соли 2016 қисми киштии тиҷоратиро, ки охирҳои асри гузашта ғарқ шуда буд, пайдо карда буданд. Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймои тамғаи «Боинг-777-200» мансуб ба ширкати «Малайзия Эйрлайнс»-и Малайзия 8-уми марти соли 2014 бо 227 мусофир ва 12 ҳайати сарнишинон дар қисми ҷанубии уқёнуси Ҳинд аз хати радар нопадид гардида буд. То кунун дар бораи тақдири ҳавопаймо ва мусофирони дохили он маълумот дастрас нагардидааст.