23:37, 23 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Шумораи фавтидагон дар натиҷаи тирпарронӣ дар Лас-Вегас ба 59 нафар расид

Мувофиқи маълумоти охирини расонаҳои хабарӣ,

дар натиҷаи ҳодисаи мудҳиши тирпарронӣ, ки дар шаҳри Лас-Вегаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рух дод, шумораи фавтидагон ба 59 нафар расид. Ҳамзамон дар пайи ин ҳодиса захм бардоштани 527 каси дигар хабар дода мешавад. 527 кас захм бардошт, ки ин ҳодисаи мудҳиш бегоҳирӯзии 1-уми октябр дар ҷараёни баргузории фестивали мусиқӣ рух дод. Ба ақидаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва сардори полиси шаҳри Лас-Вегас Ҷозеф Ломбардо эҳтимоли афзудани теъдоди қурбониён вуҷуд дорад. Зеро сиҳатии чанд тан аз маҷрӯҳон ниҳоят вазнин нишон дода мешавад. Ҳамзамон хабар дода мешавад, ки ҷинояткор Стивен Педдок, ки 64 сол дошт аз ҷониби кормандони полис дар макони ҳодиса маҳв карда шуд. Зимни тафтишот аз утоқи истиқоматии ӯ 18 адад силоҳи оташфишон ва таҷҳизоти тарканда дарёфт гардид. Ҳукуматдорон вобаста ба ин ҳодиса дар ҳавзаи Кларк ҳолати фавқулода эълон карданд. Ин тадбир бо мақсади таъмин намудани амнияти сайёҳон ва сокинони шаҳр андешида шудааст. Ин ҳодиса дар таърихи Амрико серталафоттарин ба шумор меравад.