04:37, 24 Сентябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Неруҳои амниятии Миср дар нимҷазираи Синай аз як ҳамлаи террористӣ пешгирӣ намуданд

Неруҳои амниятии Миср дар яке аз нуқтаҳои назоратии нимҷазираи Синай

аз як ҳамлаи террористӣ пешгирӣ намуданд. Мувофиқи маълумоти расида, ҷинояткорон бо истифода аз ҳавои номусоид нақша доштанд, ки дар гузаргоҳи назоратӣ маводи таркандаро инфиҷор диҳанд. Дар натиҷаи бархурди мусаллаҳона, 5 силоҳбадаст маҳв гардида, 2 тани дигар захмӣ шуд. Ҳамзамон дар натиҷаи муқовимат 2 нафар низомӣ низ ҳалок гардид. Хотиррасон менамоем, ки амали террористие, ки рузи 11-уми сентябри соли равон дар қисми шимолии нимҷазираи Синай рух дода буд, боиси марги 18 намояндагони мақомоти қудратӣ гардид. Дар ин ҳодиса ҷинояткорон маводи таркандаро инфиҷор дода, сипас ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ оташ кушодаанд.