17:01, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тӯфони баҳрии «Ҳарви» дар иёлати Техаси ИМА обхезии шадидро ба амал овард

Тӯфони баҳрии «Ҳарви» дар иёлати Техаси ИМА обхезии шадидро ба амал овард.

Расонаҳои хабарии маҳаллӣ дар хусуси фавти 5 нафар иттилоъ доданд. Тӯфон дар шаҳри Хюстон обхезии шадидро дар пай дорад. Вобаста ба афзудани хатари тӯфон беш аз 2 ҳазор нафар аҳолии минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои бехавф кӯчонда шуд. Дар чанд минтақаи иёлати Техас боришоти шадидро бо суръати баланд вазидани шамол ҳамроҳӣ дорад. Ин ҳолат ба фаъолияти бештари кормандони хадамоти наҷотдиҳӣ мушкилӣ пеш овардааст. Мувофиқи пешгӯии ҳавошиносон, хуруҷи тӯфони тропикии «Ҳарви» дар ҷануби иёлати Техас эҳтимол то миёнаҳои ҳафтаи оянда идома ёбад. Бар асари тӯфон қариб 300 ҳазор нафар аҳолии иёлати Техас аз истифода неруи барқ маҳрум монданд.