05:35, 21 Ноябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Ноябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Теъдод ҳалокшудагони амали террористӣ дар Барселона ба 16 тан расид

Мувофиқи маълумоти охир дар Испания боз як нафар аз ҷароҳатбардоштагони

амали террористие, ки дар шаҳри Барселона рух дода буд, ба ҳалокат расид. Айни ҳол теъдоди ҳалокшудагони ин рӯйдоди мудҳиш ба 16 нафар расид. Шахси фавтида шаҳрванди 51-солаи Олмон нишон дода мешавад. Ҳоло беш аз 20 нафари дигар дар беморхона зери назорати кормандони соҳаи тибб қарор доранд. Табибон вазъи сиҳатии панҷ тан аз зарардидагонро ниҳоят вазнин нишон медиҳанд. Ёдовар мешавем, ки 17-уми августи соли ҷорӣ дар минтақаи Каталонияи Испания ду ҳодисаи террористӣ ба қайд гирифта шуд. Террорист дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Барселона суръати ҳаракати автомобилро баланд бардошта, анбӯҳи одамонро пахш карда буд. Пас аз чанд лаҳза дар шаҳри Камбрилс низ ҳодисаи ба ин мушобеҳ рух дод. Тибқи маълумоти мақомоти полиси Испания гурӯҳи террористӣ аз 10 нафар иборат буд. Зимни амалиёт чанд нафар аз ҷинояткорон нобуд карда шуда, чанд тани дигар боздошт гардид.