09:44, 21 Октябри 2017
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2017 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Мақомоти полиси Италия 16 нафар ихтиёриёнро боздошт намуд

Мақомоти полиси Италия 16 нафар ихтиёриёнро боздошт намуд.

Тафтишот муайян кард, ки онҳо худро шомили гурӯҳи оташнишонӣ вонамуд карда, дар ҷазираи Ситсилия қасдан ҷангалзорро оташ мезадаанд. Қаллобон бар ивази фурӯ нишондани сӯхтор маблағ меситондаанд. Тибқи иттилои мақомоти полис ва хадамоти оташнишонӣ онҳо ҷангалзорро оташ зада, ба наздикони худ оҷилан дар тамос шуда, оиди рух додани сӯхтор хабар медодаанд. Бо ин амали маккоронаи худ онҳо барои 1 соати корӣ 10 доллар мегирифтанд. Дар ҷазираҳои Ситсилия аз оғози моҳи июл сӯхтори ҷангалзор сар зада, то кунун идома дорад. Мувофиқи маълумоти охир, дар пайи сӯхтори шадид дар шаҳрҳои Тиволи ва Ачерраи Италия 3 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо гектар ҷангал ба коми оташ рафтааст.