19:28, 19 Апрели 2019
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Апрел 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар минтақаҳои кӯҳсори Хорватия сӯхтори ҷангалзор идома дорад

Дар минтақаҳои кӯҳсори Хорватия сӯхтори ҷангалзор идома дорад.

Оташсӯзӣ торафт доман паҳн карда, мушкилоти кормандони Хадамоти оташнишониро бештар менамод. Бар асари сухтор 80 нафар кормандони Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва сокинони маҳаллӣ зарар диданд. Бо суръати баланд вазидани шамол сухтор то рафт ба маҳалҳои аҳолинишин наздик шуда, хисороти зиёд ворид менамояд. Вобаста ба ин аллакай ҳазорҳо нафар сокинони маҳалҳои наздиоташсӯзӣ манзилҳои зисти худро тарк намуда, ба ҷойҳои бехавф таҳвил дода шуданд. Бар асари сӯхтор дар ин минтақа чанд бинои истиқоматию маъмурӣ, корхонаву муассисаҳо ба коми оташ рафтанд. Дар минтақаи сӯхтор беш аз 200 нафар кормандони Хадамоти оташнишонӣ барои пурра хомӯш кардани оташсӯзӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир фаъолият доранд.