03:56, 28 Майи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Май 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Дар шаҳри Салмия аз ҳуҷуми ҷангиён пешгирӣ карда шуд

Сохторҳои қудратии Сурия дар шаҳри Салмия аз ҳуҷуми ҷангиён пешгирӣ карданд.

Силоҳбадастон мақсад доштанд, ки ба мавқеи ҳарбиён ҳамла намоянд. Шаҳри Салмия дар қисми шарқии музофоти Ҳама ҷойгир мебошад. Бо эътино ба афзудани хатари ҳамла аз ҷониби дастаҳои мусаллаҳ, ба ҳудуди шаҳр иловатан воҳидҳои интизомӣ сафарбар гардид. Тибқи иттилои сарчашмаи дигар дар шаҳри Соурани вилояти Ҳама миёни сарбози неруҳои ҳукуматӣ ва ҷангиён муҳориба бархост. Дар натиҷаи тирпаррониҳо дастикам 30 ҷанговар маҳв карда шуданд.