18:46, 13 Августи 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Август 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Сел ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Хоруғ -Душанберо муваққатан қатъ кард

Боришоти шадиди барфу борон дар як шабонарӯзи охир

маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон- шаҳри Хоруғро боз дар муҳосира қарор дод. Ба гуфтаи навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят Гулмаст Некқадамов, ба сабаби ҷорӣ шудани сел дар деҳаи Хехики ноҳияи Ванҷ, деҳаи Деҳи ноҳияи Рӯшон ва деҳаи Кеврони ноҳияи Дарвоз ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе аз субҳи рӯзи панҷшанбе, 13 апрел қатъ гардид. Ҳоло як гурӯҳи корӣ таҳти раҳбарии раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар маҳали ҳодиса мебошанд ва бо мақсади ҳарчӣ зудтар боз кардани роҳ барои роҳсозон шароити мусоид фароҳам меоранд. Ба гуфтаи навбатдори ситоди ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, шоми дирӯз дар ағбаи Кӯҳтезак тундбоди шадид вазида, барфи зиёдро дар сари роҳ ҷамъ карда, ҳаракати нақлиётро ба самти ноҳияи Мурғоб қатъ намудааст. Ҳамчунин як мошини боркаши КАМАЗ низ ба иллати тундбод дар ин ағба чаппа шудааст. Ҳанӯз ҳам дар ҳамвориҳо борон ва дар кӯҳдоманҳо барф меборад. Оилаҳое, ки дар кӯҳдоманҳо зиндагӣ мекунанд, боз маҷбур шуданд хонаҳояшонро тарк кунанд. Барои ин оилаҳо дар толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд, аммо аксарияти ин хонаводаҳо ба хонаи хешу табор кӯч бастанд. Ситоди ҳолатҳои фавқулода аз ронандагони мошинҳои мусофирбар, ки ба самти Хоруғ-Душанбе ва бараъкс ҳаракат мекунанд, хоҳиш намудааст, ки то муътадил шудани ҳаво дар ягон мавзеи бехавф таваққуф намоянд.