19:47, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Поси хотири фавтидагон бо дақиқаи хомӯшӣ дар Стокголм

Сокинони шаҳри Стокголми Шведсия бо дақиқаи хомӯшӣ

хотири фавтидагони амали террористиро пос дошданд. 7-уми апрел соати 14:53 дақиқа бо вақти маҳаллӣ автомобили боркаш дар маркази пойтахти ин кишвар анбӯҳи одамонро пахш кард. Тафтишот атрофи қазия идома дорад. Прокуратураи Шведсия боздошти гумонбари дуюмро ба хотири даст доштан дар амали террористӣ тасдиқ намуд. Дар пайи амали террористӣ 4 нафар ба ҳалокат расида, 15 тани дигар ҷароҳат бардошт. Фавтидагон шаҳрвандони Шведсия, Британияи Кабир ва Белгия мебошанд. То ҳол 10 тан аз осебдидагон бистарии беморхона мебошанд. Вазъи сиҳатии 2 тан аз онҳо ниҳоят вазнин арзёбӣ мегардад.