20:59, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Киштиҳои низомии ИМА ҷониби нимҷазираи Корея ҳаракат доранд

Киштиҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷониби нимҷазираи Корея

ҳаракат доранд. Вашингтон амалкарди худро ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолӣ марбут донистааст. 5 рӯз қабл ҳукуматдорони Кореяи Ҷанубӣ ва Япония изҳор намуда буданд, ки Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея мушаки навбатии худро озмоиш кардааст. Ҷониби Сеул хабар медиҳад, ки мушакҳо 60 километр ҷониби баҳри Япония парвоз намудаанд. Сарвазири Япония - Синдзо Абэ ин ҳодисаро таҳдиди ҷиддӣ маънидод кард. Соли равон Пхенян дар бораи ду озмоиши мушакии худ хабар дод. Аммо ҷониби Кореяи Ҷанубӣ ва Япония аз озмоиши 4 мушак иттилоъ медиҳанд.