19:30, 07 Июли 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Тирпарронӣ дар Сан-Паулуи Бразилия 9 куштаву 3 замхӣ барҷой гузошт

Дар шаҳри Сан-Паулуи Бразилия бар асари ду ҳодисаи тирпарронӣ

9 нафар ба ҳалокат расида, 3 каси дигар захмӣ гардид. Ҳодисаи аввал дар қисми шимолии шаҳр дар яке аз қаҳвахонаҳо ба амал омада, ба марги 5 тан сабаб гардид. Ба иқрори шоҳидон ду силоҳбадасти номаълум вориди қаҳвахона шуда, ҷониби ҳозирин оташ кушодаанд. Дар қисми ҷанубии шаҳр бошад, ду шахси мотосиклсавор 4 нафарро тариқи силоҳ парронда, ба қатл расондаанд. То ҳол ангезаи ба ин амали нангин иқдом намудани ҷинояткорон маълум нест. Бино ба иқрори кормандони мақомоти полис эҳтимол дар ин ҳодиса қочоқбарони маводи мухаддир даст доранд. Бразилия аз ҷиҳати содир шудани ҷиноятҳои марбут ба куштор дар ҷаҳон яке аз минтақаҳҳои хатарнок маҳсуб меёбад. Тибқи омор ҳамасола дар ин кишвар 52 ҳодисаи куштор ба қайд гирифта мешавад.