01:29, 25 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Ироқ 5 000 ҷангии гурӯҳи бо ном «Давлати исломӣ» маҳв карда шуд

Шурӯъ аз амалиёти низомӣ дар шаҳри Мавсил неруҳои ҳукуматии Ироқ

зиёда аз 5 ҳазор ҷангии гурӯҳи террористии бо ном «Давлати исломӣ»-ро нобуд карданд. Ба таъкиди роҳбарони мақомоти маҳаллӣ дар муҳорибаҳои қисми ғарбии шаҳри Мавсил наздики 300 сокини осоишта ҳалок ё захмӣ гардидааст. Ба андешаи мири шаҳри Мавсил эҳтимол шумораи кушташудагон ва маҷрӯҳон зиёд бошад. Сабаби асосии ҳалокат ва захмӣ шудани сокинон дар истифодаи бештари автомашинаҳои ҳомили таҷҳизоти тарканда ва маргталабони гурӯҳҳои террористӣ гуфта мешавад. Ғайр аз ин, теъдоди умумии фавтидагон ва маҷрӯҳон миёни шаҳрвандон аз оғози амалиёт ба 500 нафар мерасад. Айни замон се-яки қисми ғарбии Мавсил таҳти назорати неруҳои давлатӣ қарор дорад. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ 70 дарсади хонаҳои сокинон ва муассисаю идораҳо дар қисми ғарбии Мавсил хароб шудааст. Дар пайи муҳорибаҳо роҳҳо ва инфрасохтори шаҳр низ зарар дидааст.