01:50, 25 Сентябри 2020
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Хабари мухим:

Дар Астрахан зимни амалиёти ҷустуҷӯйӣ тирпарронӣ ба амал омад

Дар вилояти Астрахани Федератсияи Россия зимни амалиёти ҷустуҷӯйӣ

миёни афроди мусаллаҳ ва кормандони Росгвардия тирпарронӣ ба амал омад. Дар пайи ин ҳодиса 3 корманди Росгвардия ҷароҳат бардошт. Вазъи сиҳатии яке аз маҷрӯҳон вазнин арзёбӣ мегардад. Тибқи баъзе маълумот ҳамлагарон 4 кас будаанд. Зимни амалиёти ҷустуҷӯйӣ ду ҳамлагар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳв карда шуд. Вазъият дар минтақа алҳол таҳти назорати ниҳодҳои қудратӣ қарор дорад. Чанд соат қабл дар кӯчаи Бабаевск амалиёти махсус сурат гирифта буд. Кумитаи тафтишотии Россия хабар медиҳад, ки ба кормандони Росгвардия нафароне оташ кушодаанд, ки дар ҳамла ба кормандони мақомоти полис дар шаби 4-уми апрел дар ноҳияи Ленини вилояти Астрахан даст доранд. Дар натиҷаи ин тирпарронӣ ду нозири роҳ ба ҳалокат расида буд. Дар амали тирпарронии ноҳияи Ленин 4 нафар гумонбар дониста мешуд ва онҳо мавриди пайгарди байналмилалӣ қарор доштанд. Ба қавли губернатори минтақа дар куштори кормандони милитсия гурӯҳи тундгароён робита доранд.