08:07, 18 Феврали 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Феврал 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Полиси Миср эътирозгаронро бо гази ашковар пароканда мекунад

Кормандони мақомоти полиси Мисрро лозим омад, ки

барои пароканда кардани ошӯбгарон дар шаҳри бандарии Порт-Саид аз гази ашковар ва оби фишораш баланд истифода намоянд. Бетартибӣ ва задухӯрди полис бо эътирозгарон баъди содир шудани ҳукми додгоҳ нисбат ба даҳ нафар мухлиси футбол оғоз ёфт. Тавре хабар дода мешавад, баъди эълони ҳукми додгоҳ як гурӯҳ сокинон ба кӯчаҳо баромада, даст ба бетартибию харобкорӣ заданд. Онҳо автомобилҳои канори роҳ ва марказҳои савдоро оташ зада, зарари зиёди молиро ба миён оварданд. Дар натиҷа ба ситоди зудамали Вазорати корҳои дохилӣ муяссар омад, ки вазъиятро таҳти назорат гирифта, ошӯбгаронро пароканда ва қисме аз иштирокчиёни фаъоли бетартибиро боздошт намоянд. Бо вуҷуди кӯшишҳои зиёд чанд автомобили кормандони мақомоти полис оташ зада шуда, бар асари ҳодиса чандин нафар зарар дид. Бояд тазаккур дод, ки ҳафтаи гузашта додгоҳи кассатсионии Миср ҳукми қатлро нисбат ба даҳ нафаре, ки дар ба амал овардани издиҳом ва бетартибӣ ҳангоми футбол дар майдони варзишӣ гунаҳкор дониста шуданд, тасдиқ намуда буд. Соли 2012 дар яке аз майдонҳои варзишии Порт-Саид ҳангоми бозии футбол миёни дастаҳои Ал-Аҳлӣ ва Ал-Марӣ миёни мухлисон задухӯрд ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодиса 70 нафар ба ҳалокат расида, 300 каси дигар захмӣ шуданд. Моҳи марти соли 2013-ум додгоҳи Миср нисбат ба 21 нафар гунаҳкорони ин ҳодиса ҳукми қатлро содир карда буд.