15:02, 23 Январи 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Январ 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Қисми шарқии Мавсил пурра аз тасарруфи «ДИ» озод карда шуд

Сокинони қисмҳои шарқии шаҳри Мавсили Ироқ

аз тасарруфи силоҳбадастони гурӯҳи ифротгарои бо ном «Давлати исломӣ» пурра озод карда шуданд. Баъди пурра таъмин шудани амният сокинон ба кӯчаҳо баромада, барои бартараф кардани харобаҳо иқдом намуданд. Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ба шумор рафта, муддати чандин моҳ дар тасарруфи ҷангиён қарор дошт. Сокинон бо истифода аз рангу бор ва дигар масолеҳи сохтмонӣ нишонаҳои ҷангиёнро несту нобуд мекунанд. Аллакай марказҳои дилхушӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо пайи ҳам фаъолият худро аз нав ба роҳ мемонанд. Айни ҳол Артиши Ироқ барои озод кардани қисми ғарбии Мавсил омодагӣ дида, барои ин неруи нав ҷалб менамояд. Амалиёти муштарак дар рӯзҳои наздик оғоз мегардад.