14:51, 21 Октябри 2018
соат бо вақти Душанбе, GMT+5
Муассисаи давлатии
"Ҷаҳоннамо"

Тақвим

<< < Октябр 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Ҳамкорон





 

Обу ҳаво

Бразилия: қурбониёни бемории табларзаи Зард ба 46 нафар расид

Дар Бразилия боз 4 тани дигар аз табларзаи Зард фавтид.

Дар ин бора аз Вазорати тандрустии ин кишвари Амрикои Ҷанубӣ гузориш доданд. Ҳамин тариқ, шумораи қурбониёни ин беморӣ ба 46 нафар расид. Ин дар ҳолест, ки боз даҳҳо тани дигар бо нишонаҳои табларзаи мазкур бистарии беморхона мебошанд. Дар маҷмӯъ 568 сокини кишвар бо эҳтимоли сироятёбӣ ба ин беморӣ ба табибон муроҷиат намуданд ва аз ин теъдод зиёда аз 100 ҳолати он тасдиқ шудааст. Ҳолати ногувор бештар дар штатҳои Минас-Жерайс, Эспириту-Санту ва Сан-Паулу ба назар мерасад. Бемории сироятии табларзаи Зард, ки барангезандаи он хомӯшакҳо гуфта мешаванд, бештар дар кишварҳои тропикӣ ва субтропикӣ паҳн мешавад. Мутахассисон ин маризиро ба рӯйхати бемориҳои хатарнок шомил намудаанд.